Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо раиси Суди Олии Қирғизистон

25.04.2019 14:25

24 апрели 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода бо раиси Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон Калиева Гулбара вохӯрӣ намуд.

Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳоро байни ниҳодҳои судии ду кишвар баррасӣ намуданд. Ҳамчунин, вобаста ба маҷмӯи васеи масъалаҳо ва иқдомоти муштараки минбаъдаи дуҷониба баҳри тақвияти бештари робитаҳо табодули назар сурат гирифт.

Kirgiz.jpg

 

Нигористон

Тақвим