Шоми фарҳангии Тоҷикистон дар Бишкек

04.04.2019 09:41

28 марти соли 2019 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказии Америка дар бинои Донишгоҳ шоми фарҳанги Тоҷикистонро баргузор намуд.

Дар маросими кушодашавии чорабинӣ Сафири Тоҷикистон Суҳроб Олимзода баромад намуда, дар суханронии ифтитоҳии худ оид ба фарҳанг, нигоҳдорӣ ва густариши анъанаҳои хуби таърихӣ ва  таҳкими дустӣ байни халқҳо маълумот дод. Ҳамзамон, Сафир таъкид кард, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дорои таърихи равобити дустонаи қадим ва муносибатҳои башардӯстона мебошанд.  

Чорабинии мазкур  бо намоиши фарҳангии донишҷӯёни тоҷик ва пешкаши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, ки мероси фарҳангию маънавии бойи тоҷикро таҷассум менамоянд, идома ёфт.

DSC-1257-02-04-2019-kyrgyzstan.JPG

 

Нигористон

Тақвим