6 июни соли 2025 дар шаҳри Деҳлии Нав нишасти 4-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон” баргузор гардид.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар масъалаҳои марбут ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамкориҳои мутақобила дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, соҳаҳои саёҳат, маориф, тандурустӣ, рақамикунониӣ, фарҳанг, саноат, омода кардани мутахассисон ва дигар ибрози ақида намуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани механизмҳои мавҷуда даъват ба амал овард.
Дар ҷараёни нишаст масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла тақвияти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, вазъи амниятии минтақа, ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои киберамният, инфрасохтори рақамӣ ва маъданҳои стратегӣ муҳокима шуданд.
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон раванди рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни ҷаласа ҳамчунин рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва байнибонкӣ низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт. Имкониятҳои бандари Чобаҳор барои соддагардонии дастрасӣ ба бозорҳои Ҳиндустон ва дигар кишварҳо, инчунин долони нақлиётии байналмилалии Шимолу Ҷануб, ки Ҳиндустонро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мепайвандад, муҳокима гардиданд.
Ҷонибҳо аҳаммияти густариши сармоягузорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, дорусозӣ, технологияи иттилоотӣ ва инфрасохторро таъкид намуданд. Дар баробари ин, табодули фарҳангӣ ва ташаббусҳои башардӯстона ҳамчун ҷузъи муҳими таҳкими робитаҳои мардумӣ арзёбӣ гардиданд.
Дар поёни нишаст иштирокчиён изҳороти муштаракро қабул карданд.