Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон

05.06.2025 17:00

5 июни соли 2025 дар ш. Деҳлии Нав мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва  Ҳиндустон Субраҳманям Ҷайшанкар баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ мусоҳибон доираи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин замина рушди ҳамкории пойдори ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо инчунин дар атрофи ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи   афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим